Республиканский центр по профилактике и борьбе со СПИД Министерства здравоохранения и социальной защиты населения Республики Таджикистан

picma.ru | 1joomla.ru
PDF Печать
26.05.2011 09:12

Тоҷикистон, Душанбе, 25 майи соли 2011. МҶ СПИДи ВТ ҶТ - Имрӯз дар Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди СПИДи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи якуми директорони Марказҳои пешгирӣ ва мубориза бар зидди СПИДи вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо доир гардид.

Дар ҷаласаи мазкур масъалаҳои гуногун, аз ҷумла таҷлили 20-солгардиди Истиқлолияти давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, чорабиниҳои зиддикоррупсионӣ, ва инчунин масъалаҳои пурзӯр намудани чорабиниҳои пешгирикунанда, беҳтар намудани хизматрасонӣ ба аҳолӣ, масъалаҳои тартибу интизоми меҳнатӣ ва ғайра баррасӣ гардидаанд.

Ҳамагӣ дар ҷаласаи мазкур 28 директорони марказҳои ва мудирони шӯъбаҳои Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди СПИД иштирок намуданд.

  1 2   3

 
PDF Печать

 

Дар Женева лоиҳаи нави стратегияи глобалии тандурустиро оид ба вируси норасоии масунияти одам барои солҳои 2011-2015 қабул менамоянд. 

 

 

16 май соли 2011 дар ш. Женева (Швейтсария) ҷаласаи 64-уми Ассамблеяи умумиҷаҳонии тандурустӣ, ки дар он вазирони тандурустӣ ва шахсони расмии зиёда аз 190 кишвари ҷаҳон иштирок мекунанд, ба кори худ оғоз бахшид

(Сурат: Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ/Oliver O'Hanlon).

 Jeneva_307x197 

Қабули пурраи стратегияи нави глобалии тандурустӣ оид ба вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) барои солҳои 2011-2015, ки аз тарафи Созмони Умумиҷаҳонии Tандурустӣ (СУТ) пешниҳод карда шудааст, яке аз масъалаҳои муҳим ҳангоми муҳокимаҳо ва қарорҳои банақшагирифташуда дар чаҳорчўби ин ҷаласа мебошад. Ин лоиҳа ҳадафи ифода намудан ва мустаҳкам намудани тавсияҳо ва бархўрдҳои навтарини СУТ барои муваффақонатар муқовимат намудан бар зидди паҳншавии афзудаистодаи ВНМО дар ҷаҳонро дорад.  

Ҷаласаи 64-уми Ассамблеяи умумиҷаҳонии тандурустӣ то 24 май соли 2011 кори худро давом медиҳад. Барномаи ҷаласа инчунин аз масъалаҳое чун, омодагӣ ба пандемияи зуком, вабо ва тартиби назорат ва пешгирии он, ғизодиҳӣ барои кўдакони ширмак ва дар синни кўдакона, ҷавонон ва хатарҳо барои саломатӣ ва ғ. иборат аст.   

 

 

 


Страница 9 из 9

Новости


Праздники Таджикистана

Адрес: г.Душанбе, ул.Дехоти №48, Индекс: 734018, Диагностическиий Центр (левое крыло, 2этаж)
E-mail: aidscenter.tj@gmail.com Тел/факс: +(992 37) 234-34-42 Телефон доверия: +(992 37) 234-22-24