Республиканский центр по профилактике и борьбе со СПИД Министерства здравоохранения и социальной защиты населения Республики Таджикистан

picma.ru | 1joomla.ru
PDF Печать
27.05.2011 13:08

Пешгирии сирояти вируси норасоии масунияти одам аз модар ба кӯдак

 Тоҷикистон, Душанбе, 27 майи соли 2011. МҶ СПИДи ВТ ҶТ - дар доираи амалисозии Барномаи мубориза бо паҳншавии вируси норасоии масунияти одам ва бемории СПИД дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2011-2015, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 октябри соли 2010 таҳти №562 тасдиқ шудааст ва баҳри амалигардонии Протоколи амалияи клиникӣ оид ба пешгирии сирояти вируси норасоии масунияти одам аз модар ба кӯдак, ки бо фармони Вазорати тандурустӣ №269 аз 24.05.2008 тасдиқ гардидааст, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2011 ҳамаи занони ҳомила ба ташхиси дукаратаи ВНМО фаро гирифта мешаванд.

Барои ташкили ташхиси дукаратаи занони ҳомила бо ВНМО фармоиши Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон №280 аз 23 майи соли 2011 «Оид ба пешгирии сирояти вируси норасоии масунияти одам аз модар ба кӯдак» имзо карда шудааст.

Подробнее...
 
PDF Печать

Пешгирии сирояти вируси норасоии масунияти одам дар байни кормандони соҳаи тандурустӣ

 Тоҷикистон, Душанбе, 27 майи соли 2011. МҶ СПИДи ВТ ҶТ - дар доираи амалисозии Барномаи мубориза бо паҳншавии вируси норасоии масунияти одам ва бемории СПИД дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2011-2015, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 октябри соли 2010 таҳти №562 тасдиқ шудааст ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №171 аз 1 апрели соли 2008 “Дар бораи Тартиби азназаргузаронии тиббӣ бо мақсади ошкор сохтани сирояти вируси норасоии масунияти одам, баҳисобгирӣ, муоинаи тиббии сироятшавӣ ба ВНМО ва муоинаи пешгирии онҳо, Рӯйхати шахсоне, ки аз рӯи нишондоди эпидемиологӣ бояд азназаргузаронии ҳатмии пинҳонии тиббиро барои сирояти ВНМО гузаронад” аз рӯзи 1 июни соли 2011 ҳамаи кормандони соҳаи тиб ҳангоми гузаштани муоинаи тиббӣ ташхиси ВНМО-ро танҳо дар Марказҳои пешгирӣ ва мубориза бар зидди СПИДи ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳрию ноҳиявӣ, мутобиқи тартиби муқарраргардидаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.04.2008 сол №171 мегузаранд.

Подробнее...
 
PDF Печать
26.05.2011 09:12

Тоҷикистон, Душанбе, 25 майи соли 2011. МҶ СПИДи ВТ ҶТ - Имрӯз дар Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди СПИДи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи якуми директорони Марказҳои пешгирӣ ва мубориза бар зидди СПИДи вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо доир гардид.

Дар ҷаласаи мазкур масъалаҳои гуногун, аз ҷумла таҷлили 20-солгардиди Истиқлолияти давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, чорабиниҳои зиддикоррупсионӣ, ва инчунин масъалаҳои пурзӯр намудани чорабиниҳои пешгирикунанда, беҳтар намудани хизматрасонӣ ба аҳолӣ, масъалаҳои тартибу интизоми меҳнатӣ ва ғайра баррасӣ гардидаанд.

Ҳамагӣ дар ҷаласаи мазкур 28 директорони марказҳои ва мудирони шӯъбаҳои Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди СПИД иштирок намуданд.

  1 2   3

 


Страница 8 из 9

Новости


Праздники Таджикистана

Адрес: г.Душанбе, ул.Дехоти №48, Индекс: 734018, Диагностическиий Центр (левое крыло, 2этаж)
E-mail: aidscenter.tj@gmail.com Тел/факс: +(992 37) 234-34-42 Телефон доверия: +(992 37) 234-22-24